Эрон вазифадор шуд аз фаъолияти ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ кунад

Эрон аз ин ва баъд аз фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар қаламраваш пешгирӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бар асоси имзои “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният”, Эрон аз ин ва баъд вазифадор аст, аз фаъолияти ҳизби наҳзати ислом, ва пайравонаш пешгирӣ кунад. 

Дар ин бора изҳороти ВУХ Тоҷикистон нашр шудааст.

Дӯстӣ аз сар: имзои Ёддошт оид ба амният байни Тоҷикистон ва Эрон

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида, минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо, пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, киберҷиноятҳо, пешгирии барасмиятдарории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд.

Дар Ёддошти тафоҳум омадааст, ки тарафҳо “аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд”.

"Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ хоҳад кард",-омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон Ҳасан Рӯҳониро ба Душанбе даъват кард

Дар баробари ин, тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳамкориро доир ба мубодилаи иттилоот оид ба самтҳое, ки дар боло зикр гардиданд, густариш бахшида, хамдигарро бо маводи илмию таълимӣ таъмин месозанд ва барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак тадбир андешида, дар қаламрави давлатҳо таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд, кумакҳои моддию техникӣ расонида, аз таҷрибаи якдигар истифода мекунанд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки расонаҳои ҳар ду ҷониб минбаъд ба нафъи ғояву ормонҳои миллии ҳар ду кишвар хидмат карда, дар тарғибу густариши бештари муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳанд намуд.