Додгоҳи Русия ақди никоҳи қалбакии муҳоҷири тоҷикро бекор кард

Дар Урали Русия шаҳрванди Тоҷикистон бо духтари рус барои осон намудани расмиёти назорати муҳоҷиратӣ ақди никоҳ бастааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ревде ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Додситонии вилояти Свердловски Русия.

Дӯстдухтари домод ба тӯй омад, арӯс қаҳр карда рафт-видео

Бино бар иттилои манбаъ, октябри соли 2018 шаҳрванди Тоҷикистон бо духтари рус издивоҷ кардааст. Аммо ба гуфтаи манбаъ марди тоҷик нияти бо духтари рус оила барпо карданро надоштаст.  

“Мақсади издивоҷи муҳоҷири тоҷик бо духтари рус осон намудани расмиёти муҳоҷиратӣ будааст”, - хабар додааст дафтари матбуоти додситонии вилояти Свердловски Русия.

Таъкид шудааст, ки аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ духтари рус ва марди тоҷик бо ҳам зиндагӣ накарданд ва инчунин хоҷагии якҷоя ва фарзанд низ надоштанд.

Додгоҳи шаҳри Ревде дархости додситониро пурра қонеъ намуда, ақди никоҳи ин ду ҷуфтро бекор кард.