Домод арӯсашро пас аз 10 рӯзи тӯй дар Самарқанд маҷрӯҳ кард-акс

Мақомоти қудратӣ маслиҳат доданд, ки табобат гираду, ташхиси тиббӣ нагузаронад, чун "гарон хоҳад уфтод"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар шаҳри Булунгури Самарқанд марде арӯсашро пас аз 10 рӯзи тӯй то маъюб шудан, латту кӯб кард, дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Ба нақли Зуҳро Умарова, шавҳараш рӯзи 28 май барои харидани яхмос ба мағоза рафта аз он ҷо маст бозгаштаасту ҷанҷол бардоштааст.

Домод арӯсашро пас аз 10 рӯзи тӯй дар Самарқанд маҷрӯҳ кард-акс

Ҳамсоя овози доду фиғонро шунида ба манзили Зуҳро даромадааст ва шоҳиди ҳодисаи ҳузнангез шудааст: сари Зуҳро шикаста, чашмонаш пури хун ва тамоми авзоъи баданаш пур аз ҷароҳат.

Зани ҷавон кормандони милисаро газиду латту кӯб кард: дар вилояти Маскав

Умарова шикоят кардааст, ки мақомоти қудратӣ ба ин зан маслиҳат додаанд, ки дар бемористон табобат гираду, ташхиси тиббӣ нагузаронад, чун барояш "гарон хоҳад уфтод".

Вазорати корҳои дохилии Узбакистон ба хабарнигори Sputnik, ҳодисаро шарҳ надодааст.

Кумитаи занони вилояти Самарқанд ваъда кардааст, ки ба Зуҳро барои рӯшан кардани қазия ва гузаронидани ташхиси тиббӣ кумак хоҳад кард. Намояндагони кумита хабар доданд, ки айни ҳол қазияи Умарова дар ВКД омӯхта мешаваду гунаҳкор ба наздикӣ боздошт мешавад.

Пештар Кумитаи занони вилояти Самарқанд рӯйхати мардони майзадаро, ки боиси муноқишаҳои хонаводагӣ шудаанд, барои ташкили табобати онҳо тартиб дода буд.

Исми шавҳари Умарова ҳам миёни онҳо будааст.