ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи Душанбе, зимни мурофиа муайян гардидааст, ки 17 августи соли 2018 тахминан соати 03:00, Саидов.С, хазинадори нуқтаи фурӯши сузишвории “Фароз” дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсӣ, оператори ин нуқта, Муҳаммад Амировро аз апа ва хоҳараш дашномҳои қабеҳ додааст.
“Амиров аз ин ғазаболуд шуда, дар ботинаш қасди одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани Саидов пайдо гардида, интизор шудааст, ки охирин дар нуқтаи кориаш, дар хазина хоб равад”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.
Манбаъ афзуд, ки худи ҳамон шаб, тахминан соати 03:32 дақиқа, Амиров аз ҳолати оҷизӣ, яъне дар хоб қарор доштани Саидов истифода бурда, бо корд аввал 1 зарба дар пушти қафаси синаи ӯ аз тарафи чап задааст.
Ба иттилои додгоҳ, дар натиҷа Саидов аз хоб бедор шуда, ба Амиров муқобилият нишон додааст. Дар рафти муқобилият Амиров бо корд ба қисматҳои гуногуни бадани Саидов дар маҷмуъ 9 зарбаи гуногун задааст, вале ба далели муқобилияти ҷабрдида ҳамлагар навтавонистааст, қасди ҷинояткоронаи худро ба охир расонад ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, афзуд манбаъ.
Додгоҳи Душанбе дар пайи баррасии қазия Амиров Муҳаммад Шониёзович, сокини ноҳияи Қубодиён ва собиқ оператори НФС “Фароз”-ро дар қасди куштор гунаҳкор дониста, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Феълан назари худи Амиров дар бораи ин қазия маълум нест, аммо додгоҳи Душанбе таъкид кардааст, ки ӯ ҳақ дорад давоми даҳ шабонарӯз аз рӯзи баромадани ҳукм ба марҳилаи болоӣ шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ барад.