Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат барои бештар кардани кормандони идораи замин

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди Ҳукумат теъдоди кормандони Кумитаи идораи замин ва геодезии кишварро зиёдтар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бар асоси ин қарор, шумораи умумии коргарони Кумита, бе назардошти ҳайати хидматрасон 350 нафар муқаррар гардид.

Таҳлили дигари дастгоҳи Президент: лағви 700 қарори раисон ва супориши 1 ба прокурорҳо

Барои дастгоҳи марказии Кумита 100 нафар ва барои воҳидҳои идораи замин дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо 250 нафар коргар муқаррар шудааст. Раисиҷумҳур Вазорати молияро муваззаф намудааст, ки таъминоти молиявии коргаронро фароҳам созад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз нақзи қонунҳои умури идораи замин изҳори нигаронӣ карда, хостори ҷилавгирии заминфурӯшӣ шуд. Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ қонуншиканӣ дар бахши заминро мояи нигаронӣ хонда, таъкид намуд, ки танҳо соли 2018 ҳудуди 700 қарори раисони шаҳру навоҳӣ бекор карда шуданд

Озода Раҳмон ахиран дар як ҷаласаи парлумон зикр намуд, ки аввали соли равон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Додситонии кулли кишвар Раёсати алоҳида бо 50 воҳиди корӣ барои назорати қонунгузории замин таъсис дода шуд. Дар феҳрасти дастуроте, ки дастгоҳи раисиҷумҳур ба мақомоти додситонӣ ироа кард, назорати қонунгузории замин дар радаи аввал қарор дорад.