Ду сокини Тоҷикистон бо 14 санги қимматбаҳои ёқути сурх дастгир шуданд

Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши ин сангҳо бештар аз 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду сокини кишвар бештар аз 10 санги қимматбаҳои ёқутро пайдо ва мусодира карданд, хабар медиҳад ВУД.

Бино бар иттилои манбаъ. ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ки пеш бо моддаҳои 245, 247 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва марди 32-солаи сокини ноҳияи Нуробод бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир карда шуданд. 

Боздошти ду мард бо 223 санги Лаъл, Ёқут ва Зумрад

Гуфта мешавад, дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 14-адад сангҳои қиматбаҳои табиии рангашон гуногун бо вазни 149,99-грамм дарёфт ва гирифта шуд.

"Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои мазкур санги қиматбаҳои ёқути сурх буда, қисми коршоями сангҳо миёна ва хуб муайян гардид", - менависад манбаъ.

Мувофиқи ҳамин маълумотнома арзиши сангҳо8 ҳазору 564 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.