Планшет ҳам харидем: шахсони доро барои кӯдакони аз Ироқ баргашта бозичаву хӯрока бурданд

Вазъи онҳо баъд аз баргаштан бисёр бад буд, доим гиря мекарданд ва намехостанд бо касе сӯҳбат кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҳамаи кӯдаконе, ки чанде пеш аз Ироқ баргаштанд, худро хуб ҳис мекунанд ва ба шароити кишвар мутобиқ шуданд, гуфтааст муовини вазири тандурустӣ Саида Ғайрат ба РИА новости.

"Дар рӯзҳои аввал мушкил буд, онҳо доим гиря мекарданд ва ба касе сӯҳбат кардан намехостанд", - афзудааст вай.

Ба гуфтаи хонум Саида Ғайрат, мақомот барои истироҳат ва мутобиқшавии кӯдакон тамоми шароитро фароҳам овардаанд - майдончаҳои бозии кӯдакона муҳайё аст, бо онҳо равоншиносон кор мекунанд ва ҳатто барои тамошои филмҳои тасвириву бозиҳо барояшон 56 планшет харидаанд.

"Тамоми кӯдакон аз ташхис гузаштанд, аз онҳо барои ташхиси вируси СПИД, ВИЧ ва бемории сил хун гирифтем ва ҳамаи кӯдакон пурра саломатанд", - афзудааст вай.

Муовини вазир таъкид намудааст, ки бархе аз ашхоси доро барои кӯдакон бозичаву хӯрока ва либос мехаранд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Онҳоро дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  "Харангон"-и ноҳияи Варзоб ҷой додаанд.