Кӯлоб мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузорон мегардад

Рӯзи 14 июн шаҳри бостонии Кӯлоб мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузорон мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Дар Форуми байналмилалии сармоягузории  “Кӯлоб-2019” , беш  аз 20 нафар сармоягузорон аз Россия, Чин,  Қазоқистон, Узбакистон  ва дигар кишварҳои  арабию аврупоӣ ва соҳибкорони  ватанӣ  дар маҷмӯъ 300 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ ширкат хоҳанд кард.

Аз ҳамкорӣ то сармоягузорӣ ба иқтисод: шарҳи Ҳикматуллозода аз ҳамкорӣ бо Русия

Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Кумита яке аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии  сармоягузории “Кӯлоб-2019” маҳсуб меёбад.

Ҳадафи асосии баргузории форуми байналмилалии  “Кӯлоб-2019” муаррифии имкониятҳои  сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани иқтидори  содиротии  вилояти Хатлон,  арзёбӣ мегардад.

 Инчунин дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши байналмилалӣ дастовард ва имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии  Тоҷикистон   муаррифӣ мегарданд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ гуфт, ки  дар ҷараёни Форуми байналмилалии сармояугзории “Кӯлоб -2019” иштирокдорони он  татбиқи лоиҳаҳои  муштракро дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат,  нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, рушди содирот ва дигар бахшҳои афзалиятноки  иқтисодиёти мамлактаро баррасӣ менамоянд.

Дар ду моҳ ба иқтисоди Тоҷикистон $160,4 миллион сармоягузорӣ шуд

Дар доираи Форуми байналмилалии “Кӯлоб-2019” корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Магбаъ қайд намудааст, ки баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ  дар ҷануби Тоҷикистон  барои рушди иқтисодиёти ин минтақа, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ  бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон хоса вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ мегардад.