"Рекорд"-и моҳ: имрӯз дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 30-38 дараҷа мерасад. Пештар ҳаво то 36 дараҷа гарм шуда, баҳори соли равон ин нишондод бори аввал аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.  Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда,  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 24-29 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 4-1 дараҷа  сард ва   рӯзона 12-17  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 6-11  ва  рӯзона  20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 33-38 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 21-26  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳаво  дар водиҳо шабона 12-17 ва рўзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11  ва  рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво  камабри бебориш шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 12-14 ва рӯзона 32-34  дараҷа гарм мешавад.