ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Субҳи имрӯз, Шавкат Мирзиёев вазирони корҳои дохилии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ба шаҳри Тошканд омаданд, ба ҳузур пазируфт.
Ба гузориши ВУД Тоҷикистон, президенти Узбакистон роҳбарони ҳайати Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистонро самимона пазироӣ намуда, аз рушду нумӯи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуд.
"Дар ин радиф вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон салому гарму самимии Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев расонида, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд",-омадааст дар хабарнома.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ яке аз механизмҳои муҳими ҳамкориҳои самаранок дар самти мубодилаи таҷрибаи пешқадам, донишҳои замонавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии мустаҳкам дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва савдои одамон мебошад.
Рамазон Раҳимзода дар назди ҳамтоёнаш аз ИДМ дар Тошканд баромад кард
Дар тӯли 5 соли охир 25 фоиз кам гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаҳодати натиҷаҳои самарабахши кори Шӯрои мазкур маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин дар доираи амалиётҳои муштарак танҳо дар соли гузашта фаъолияти 892 шахсоне, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, пешгирӣ карда шуда, 84 ҷинояткор дастгир карда шуд.
Манбаъ афзуда, ки дар идомаи вохӯрӣ оид ба масъалаҳои амнияти минтақа, аз он ҷумла вазъи Афғонистон ва таҳким бахшидани шарикӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ гуфтугӯи судманд доир гардид.