Маслиҳат пухт: варзишкорони тоҷик пеш аз олимпиада дар Ҷопон тамрин мекунанд

Ин масъаларо сафири тоҷик Ҷалолов Мирзошариф бо раиси шаҳри Аоморӣ ҷаноби Акиҳико Онодера баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ҷалолов Мирзошариф ба шаҳри Аомории Япония сафар карда, зимни он бо раис ва дигар намояндагони расмии шаҳри Аоморӣ мулоқот барпо намуд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Боиси қайд аст, ки дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (3-5 октябри соли 2018), миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Ҷопон Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба имзо расид.

"Аз ин рӯ, 22 майи соли 2019, зимни мулоқот бо раиси шаҳри Аоморӣ ҷаноби Акиҳико Онодера миёни ҷонибҳо ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи ташаббуси “Шаҳри мизбон”, машқу тамрини пешазолимпии варзишгарони Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон дар  шаҳри Аоморӣ ва ҳамчунин дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт",-омадааст дар хабарнома.

Таъиноту медалҳо: аз мақомгирии Шамсулло Соҳибов, Мавзуна Чориева ва Назаров то 59 медал

Даминов ва Рустамов дар сабқат барои Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон иштирок мекунанд

Гуфта мешавад, ки пас аз мулоқот, сафири Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳри Аоморӣ дидор намуда, ба саволҳои онҳо посух гуфт.

Эълони танаффуси сеҳафтаина дар чемпионати Тоҷикистон

Ҳамчунин, дар доираи сафари мазкур мулоқотҳои Сафир бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Аоморӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Аоморӣ баргузор гардиданд.