ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Китобдорон дар Кӯлоб фитри рӯзаашонро ба кӯдакони бемори сил бураданд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
"Кормандони Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб" дар якҷоягӣ бо Китобхонаи вилоятии бачагона дар моҳи шарифи Рамазон ва бахшида ба таҷлили "Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон" барои кӯдакони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил №2-и шаҳри Кӯлоб (шуъбаи бачагонаи табобатӣ - профилактикӣ) амали хайреро ба анҷом расониданд", - менависад манбаъ.
Бино бар иттилои манбаъ, китобдорон аз ҳисоби фитри рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба 12- нафар тарбиятгирандагон аз оилаҳои ниёзманд, ки дар осоишгоҳ парвариш меёбанд, маводҳои ғизоӣ аз қабили картошка, пиёз, равған, биринҷ, донагӣ ва ширинҳо харидорӣ намуда, кӯмаки яквақтаина расонидаанд.
Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд.