ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Азизӣ, ки ахиран ҷаласаи парлумонро роҳбарӣ мекард, пешниҳод намуд, ки роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилии кишвар барои посух назди вакилони мардумӣ даъват шаванд.
Ӯ таъкид намуд, ки фаъолияти ширкатҳои мобилии дохилии ҷумҳурӣ беҳбудии хеле ҷиддиро металабад ва умуман, масъалаҳои фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вақтҳои охир саволи зиёде ба миён овардааст.
“Биноан, пешниҳод менамоям, ки бо даъвати роҳбарони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилӣ соати парламентӣ доир карда шавад, то ин ки вакилони Маҷлиси намояндагон, ки интихобкардаи мардуми Тоҷикистон мебошанд, ба саволи худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, вазъ ва ҳолати воқеии соҳаи алоқаро ба интихобкунандагон расонанд”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Абдуҷаббор Азизӣ.
Ин даъват дар ҳолест, ки бархе аз шаҳрвандони кишвар аз хадамот дар бахши алоқа шикоят доранд. Мизоҷони соҳаи алоқа дар Тоҷикистон аз нархҳои гарон, сифату суръати пасти интернет ва зиёд будани тасмимҳои ҳазмношудаи масъулин дар ин бахш шикоят мекунанд.
Ахиран мақомоти алоқа ва умури дохилӣ иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд то моҳи август бо пешниҳоди шиносномаҳои нав симкортҳояшонро дубора ба қайд гиранд, чун дар акси ҳол фаъолияти симкортҳо қатъ хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон ин иқдомро ба далоили амниятӣ рабт додаанд.