“Ман нервниюм”: Азимов дар бораи қатли ҳамсари додараш дар назди фарзандон – видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон фоҷиаи хонаводагӣ дар ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳро, ки модар дар назди фарзандонаш кушта шуд, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Рӯзимад Азимов, сокини 43-солаи кӯчаи Шоҳмуродови ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ бо ҳамсари додараш, модари се фарзанд – Раҷабова Ситорамоҳ, соли таваллудаш 1977 ҷанҷол кардааст.

Куштори даҳшатбор: шавҳари 75-cола ҳамсари ҷавонашро бо оҳан кушт

ВУД иттилоъ дод, ки Азимов дар пайи ин ҷанҷол бо корд 31 бор ба бадани ҳамсари бародараш зарба зада, ба ҳалокат расондааст. Манбаъ сабаби сар задани ин фоҷиаро “муноқишаҳои доманадор”-и хонаводагӣ гуфтааст.

“Сад бор гуфтам, ки накун, мекушам, ман нервниюм”, - изҳор дошт Азимов дар гузориши нашркардаи ВУД.

Ин ниҳод таъкид намудааст, ки муттаҳам ҳамсари додарашро дар ҳузури фарзандони ноболиғаш куштааст, ки ҳолати вазнинкунандаи ҷавобгарӣ мебошад.

ВУД афзуд, феълан муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки мақомот қаблан аз фоҷиаи дигари хонаводагӣ дар Мастчоҳ хабар дода буданд, ки шоми 23 май рух додаст.

Фоҷиа дар Суғд: бародар додарашро бо зарби корд кушт

Миёни марди 37-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, мудири хоҷагии деҳқонии "Мирзоодил" ва бародари 28-солааш муноқиша сар задааст. Дар натиҷа бародари бузургӣ аз дохили автомашинааш корд бароварда ва додарашро бо зарбаи корд куштааст, хабар дода буд ВУД.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки бисёри аз ҷиноятҳои сангини куштор дар доираи оила дар пайи муноқишаҳои хонавода содир мешаванд.