Боздошти “хешони мансабдорони калон” дар Душанбе: 3 миллиони мардумро “хӯрдаанд” – видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Душанбе фаъолияти гуруҳи қаллобони таҷрибадоре ошкор карда шуд, ки дар додгоҳҳои пойтахт ва назди биноҳои ширкатҳои сохтмонӣ мардумфиребиро роҳандозӣ кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, сарвари гуруҳи ҷиноятпеша, Файзов Саймуъмин, сокини 44-солаи кӯчаи Борбади ноҳияи Сино мебошад, ки ба фаъолияти гуруҳаш собиқ маҳкумшудаҳо барои қаллобиро ҷалб намудааст. ВУД мегӯяд, худи Файзов фирор кардааст, аммо аъзои гуруҳаш - Аҳлиддини Латифҷон, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Шоҳмансур, Фирӯзи Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур ва Раҳмонов Шуҳратҷон, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастгир шудаанд.

"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб – 2016” ронандаҳо тайёр мекард?

“Ин гуруҳ назди биноҳои суд ва ҳатто дар толорҳои суд ҳозир гардида, худро масъул, дилсӯз ва наздикони шахсони бонуфузи кишвар муаррифӣ мекарданд ва ба волидони айбдоршавандаҳо ба ивази маблағҳои калон ваъда медоданд, ки тариқи  мансабдорони шинос барои раҳоии фарзандонашон кумак мекунанд”, - гузориш дод ВУД.

Ба иттилои ВУД, бархе аз ҷабрдидаҳо барои раҳоии фарзандонашон аз ҳабс хонаҳои истиқоматии худро фурӯхта, аз 8 то 17 ҳазор доллари амрикоиро ба қаллобон додаанд.

Яке аз ҷабрдидаҳо дар гузориши ВУД мегӯяд, “Шуҳрат, Саймуъмин ва Аҳлиддин фиреб карданд, ки аз маҳбас додаратро озод мекунем, 18,5 ҳазор доллари амрикоии моро гирифтанд”.

Падари дигаре мегӯяд, барои раҳоии фарзандаш 8,5 ҳазор долларро гирифта дод ва фиреб хӯрд.

Иқрори чиптафурӯш дар Душанбе: дар 2 моҳ 87 билети қалбакӣ фурӯхтам – видео

Ба иттилои ВУД, афроди номбурда инчунин дар назди биноҳои навбунёд, ниёзмандони хонаро фиреб дода, маблағҳои ҳангуфташонро аз худ мекардаанд. Муттаҳамон таъкид мекардаанд, ки бино ба хешовандон ё наздиконашон тааллуқ дорад ва бо ваъдаи хариди хона бо нархҳои паст маблағи шаҳрвандонро гирифтаанд.

ВУД таъкид намуд, ки дар маҷмуъ муттаҳамон дар 19 лаҳзаи ҷиноят даст дошта, зарари расондаашон 2 миллиону 741 ҳазору 100 сомониро ташкил додааст.

Мақомот афзуданд, ки сарвари гуруҳ Саймуъмин Файзов дар кофтукоби расмӣ қарор дошта, таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии аъзои дигари гуруҳ идома дорад.

Мақомоти умури дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки агар ҳадафи фиреби ин афрод қарор гирифтанд, тариқи телефони боварӣ  - 221 21 21 ва 2 27 10 07 бо маъмурини милиса дар тамос шаванд.