Дар чор моҳ ба Тоҷикистон 3,5 ҳазор мошинҳои сабукрав ворид гардидааст

Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст, воридоти мошинҳои сабукрав нисбат ба чор моҳи соли гузашта 61 дарсад зиёд будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik.  Бино бар маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар чор моҳи аввали соли равонӣ ба Тоҷикистон беш 3,5 ҳазор адад мошинҳои сабукрав ворид гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 дарсад зиёд будааст.

Воридоти мошин ба Тоҷикистон афзоиш ёфт

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар чор моҳи соли равон маблағи мошинҳои воридотӣ 47,5 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 23 дарсади молҳои воридотии Тоҷикистон баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манобеъи расмии Тоҷикистон мизони воридот дар ин кишвар нисбат ба содирот 3 баробар бештар будааст.

Дар чор моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 15 миллион доллар мол ворид карда ва танҳо ба маблағи 320 миллион доллар мол содир кардааст. Тавозун 695 миллион долларро ташкил медиҳад.