ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.Раҳбари Шӯрои Урупо Доналд Туск авохири моҳи май аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ниҳоди дахлдори Урупо.
Бино ба гузориши манбаъ, Доналд Туск дар чорчӯби сафар ба Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Қайд мешавад, ки сиёсатмадори урупоӣ аз 29 май то 2 июн аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон боздид хоҳад кард.
Тавсеаи ҳамкориҳо миёни Вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Руминия
Гуфта мешавад, ки сафари Доналд Туск ба хотири таҳкими ҳамкориҳо бо минтақа сурат мепазирад.
Эрдуғон: Туркияро барои кишвари мусалмонӣ буданаш ба Иттиҳоди Аврупо намепазирад