Раисҷумҳур ва Рустам Эмомалӣ гимназияи ҳарбии КДАМ-ро ифтитоҳ карданд

Дар мактаби ҳарбӣ барои таълимгирандагон 8 хобгоҳ бунёд гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Куруши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гимназия аз се корпуси дуошёна иборат буда, дар масоҳати 1360 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои синфхонаю китобхонаи барҳаво ва хобгоҳҳои замонавӣ мебошад,  менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хобгоҳҳои хонандагони гимназия дидан намуда, бо шароити истироҳату фароғати таълимгирандагон аз наздик шинос шуданд.

Барои таълимгирандагони ин муассисаи таълимӣ, ки аксарият аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат мебошанд,  дар гимназия 8 хобгоҳ бо шароити муосиру замонавӣ бунёд карда шудааст.

"Зикр гардид, ки дар Гимназияи ҳарбии ба номи ворисони "Куруши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аманияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 100 нафар баъди хатми синфи 9 ба таълим фаро гирифта мешаванд ва бештари хонандагони ин даргоҳи илму маърифатро нафарони нимятим ва ятимони кулл ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон аз яке аз идораҳои КДАМ дидан кард

Омӯзиш дар ин гимназия асосан бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст ва ба таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар омӯзгори ғайринизомӣ низ аз фанҳои гуногун дарс мегӯяд.

Дар Гимназия барои огоҳии бештар пайдо кардани хонандагон аз таърихи пурғановати миллати тоҷик осорхона низ сохта шудааст.

Гимназияи ҳарбии ворисони "Куруши Кабир"-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои синфхонаҳои лингафонӣ, омӯзиши забонҳои англисию хитойӣ, туркӣ ва русӣ буда, хонандагон имкон доранд, ки нозукиҳои ин забонҳои хориҷиро аз устодони ботаҷрибаи худ аз бар намоянд.

Таҳсил дар Гимназияи ҳарбӣ ду сол муайян гардида, хатмкунандагон имкон доранд, ки дар асоси шартномаи дутарафа дар самти омода намудани мутахассисони сарҳадӣ таҳсили минбаъдаро дар донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳо идома диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таҳсилкунандагони аълохон дар ин гимназия дар самти интихоби кишвари оянда бо мақсади идома додани таҳсил имтиёзҳо низ пешбинӣ гардидааст.

Дар Гимназияи ҳарбии ворисони «Куруши Кабир»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин барои хонандагон китобхонаи барҳаво муҳайё карда шудааст, ки таълимгирандагон метавонанд аз адабиёти гуногунмазмуни он ба таври васеъ истифода кунанд.