Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории афсарони қурбоншуда гулчанбар гузошт

Раҳмон таъкид намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ омаданд.

Ба гузориши хадамоти матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

Раисҷумҳур ва Рустам Эмомалӣ гимназияи ҳарбии КДАМ-ро ифтитоҳ карданд

Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуд.

Раисиҷумҳур зимни суханронии худ таъкид намуд, ки "Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд".

"Яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавон, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шудааст",-таъкид кард Раҳмон.

Ӯ гуфт, ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизматро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз яке аз идораҳои КДАМ дидан кард

Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи  олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуд.

Ба таъкиди раисиҷумҳур марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа мебошад.

Баъди суханронии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.