ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Ленинград дар истироҳатгоҳи "Игор" зинапояҳои сохтмонӣ валангор шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи маҳаллӣ.
Дар паи ин ҳодиса ҳафт кас ҷароҳат бардошта шаш нафари маҷрӯҳ таъҷилан ба бемористон интиқол дода шудаанд. Хабар дода мешавад, ки захми бардоштаи ин нафарон вазнин набуда, ҳолаташон муътадил арзёбӣ мешавад.
Дар айни ҳол мақомоти тафтишотӣ ҷузъиёти фоҷиаро муайян мекунад.
Сокини Воронеж ба 50 муҳоҷир "кумак" карду ҷазои сахт гирифт
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи ба ҳамин монанд, чанд сол пеш ҳам рух дода буд. Соли 2016 дар Маскав дар пайи чаппа шудани девор ду нафар ҷароҳат бардошт.
Дар шаҳри Маскав сохтмончӣ аз баландӣ ба замин афтид
Он замон дар натиҷаи чаппа шудани хишти девор ҳангоми рафти кор дар кӯчаи Волоколамское, хонаи 116 ду нафар захмӣ гардиданд, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурданд.