Фатвои Шӯрои уламо дар бораи қасамхӯрӣ ба номи Аллоҳу қасамдиҳӣ ба Қуръон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қасамро танҳо ба номи Аллоҳ ё ба сифати ӯ ҷоиз донист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Парвиз, як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон навиштааст, ҷое шунид шахс бояд ба ҷуз номи Аллоҳ ба касе ё чизе қасам нахӯрад, чунки ширк ба Аллоҳ аст ва аз Шӯро дурустии онро суол кардааст.

“Бародари азиз, қасам ба номи Аллоҳ ё ба сифати Ӯст, қасам ба ғайри ин ҷоиз нест, вале агар касе қасам хӯрад, ширк намешавад”, - посух додааст Шӯрои уламо.

Ин ниҳод қаблан ба суол дар мавриди қасам додан ба Қуръон, посух дода буд, ки қасам бо Қуръони азимушаън аз нигоҳи аксари уламои ҳанафӣ дуруст аст.

Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр

 “Инчунин дар урфи мардуми кишвар қасам хӯрдан ё касеро қасам додан бо Каломуллоҳ маъмула аст ва қасам ҳисобида мешавад, вақте ки мебинӣ қасами бо Қуръон таъсири зиёд дорад ва фатво бар ин қавл аст”, - таъкид карда буд Шӯрои уламо ва далели ин фатвояшро “Шарҳи Илёс”, ҷ.2, саҳифаи 311 арзёбӣ карда буд.

Ин ниҳод таъкид намуда буд, ки “қасам додан бо Қуръон имрӯз дар кишвари мо мақбул аст ва бисёртар мардум кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ якдигарро барои итминони комил ҳосил кардан ба Қуръон қасам бидиҳанд ва хотирҷамъ ҳам мешаванд”.