Эълони танаффуси сеҳафтаина дар чемпионати Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар сабқати қаҳрамонии кишвар дар риштаи футбол танаффуси сеҳафтаина эълон шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, ин танаффус ба бозиҳои рафиқонаи тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин рабт дорад.

Натиҷаи сабқатҳои 25 ва 26 май дар чемпионати Тоҷикистон

Қувваозмоӣ бо мунтахаби Афғонистон рӯзи 7 июн дар шаҳри Душанбе  ва бо тими Чин рӯзи 11 июн дар Гуанжоу дар назар аст.

Манбаъ афзуд, ки бозиҳои даври нуҳуми лигаи олӣ 15-16 июн доир мегарданд.

“Дар даври навбатӣ “Истиқлол” бо КМВА “Помир”, “Хуҷанд” бо “Панҷшер”, “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хатлон” бо “Куктош” вомехӯранд”, - омадааст дар иттилоия.

Пас аз натиҷагирии 8 давр дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” бо 22 хол садрнишин аст. Дар ҷои дуюм “Куктош” бо 14 хол мавқеъ дорад. “Регар-ТадАЗ” (12 хол) сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.