Дастури Раҳмон ба Бонки миллӣ барои додани қарз ба соҳибкорони Хатлон

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳаҷми бештари қарзҳо, дар навбати аввал, ба соҳибкории истеҳсолӣ дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро рӯзи 24 май дар суҳбат бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон зикр кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар соли 2018 ва се моҳи соли 2019 ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 85 фоизи он аз қарзҳои хурд иборат мебошад.

Сабзӣ коред: Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии "Сомонҷон" дидан кард

Ба гуфти раисиҷумҳур, ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ҳудуди вилоят дар семоҳаи якуми соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 36 фоиз афзудааст, вале ҳиссаи он ҳамагӣ 20 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои кишварро ташкил медиҳад, ки беш аз 50 фоизи қарзҳои ба вилоят додашуда ба 6 шаҳру ноҳия – Кӯлоб, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Шаҳритус ва Ҷайҳун рост меояд.

"Бинобар ин, Бонки миллӣ бояд якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои нисбатан кам будани қарзро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят омӯхта, якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд",-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Илова бар ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳаҷми бештари қарзҳо, дар навбати аввал, ба соҳибкории истеҳсолӣ ҷудо карда шавад.

Ҳамчунин дар ин суҳбат Раҳмон 15 шаҳру навоҳии Хатлонро ном бурд, ки лоиҳаҳоро татбиқ накарданд.

Ёдрас мешавем, рӯзи гузашта, 23 май раисҷумҳур ба вилояти Хатлон сафар карда буд. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара оғоз шуд.