Ҷоми шоҳмоти Пешвои миллат: бори аввал дар Тоҷикикстон бо 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза

Дар Тоҷикистон бори аввал Ҷоми шоҳмоти Пешвои миллат дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, ки маблағи умумии ҷоизаи он 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25— Sputnik. Дар Тоҷикистон бори аввал мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмоти Ҷоми Пешвои миллат баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Мусобиқа дар 4 марҳила байни наврасони то 14-сола, ҷавонони аз 15 то 30-сола ва калонсолон аз 30-сола боло доир мегардад.

Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад.

Пирӯзии Муҳаммад Осимӣ дар сабқати шоҳмот дар Хуҷанд

Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат мегирад.

Марҳилаи ниҳоӣ аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот баргузор мешавад.

Маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.