Пешниҳоди бузурги Аҳмадзода ба Бонки рушди Осиё: 10 лоиҳа ба маблағи 400 миллион доллар

Яке аз ин лоиҳаҳо лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Хуҷанд-Консой-Мастчоҳ аст, ки барои рушди иқтисоди вилоят зарур мебошад. Лоиҳаи дигар марбут ба обёрӣ ва азхудкунии ноҳияи Ашт буда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа 10 000 гектар замин обёрӣ карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати намояндагони Бонки рушди Осиё, роҳбари департаменти Осиёи миёна ва ғарбии Бонки мазкур Гуолианг Ву мулоқот намуд.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, дар рафти мулоқот раиси вилоят даҳ лоиҳаи навро, маблағи умумии онҳо 400 миллион долларро ташкил медиҳад, барои омӯзишу баррасӣ ба намояндагони Бонки рушди Осиё пешниҳод кард.

"Яке аз ин лоиҳаҳо лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Хуҷанд-Консой-Мастчоҳ аст, ки барои рушди иқтисоди вилоят зарур мебошад. Лоиҳаи дигар марбут ба обёрӣ ва азхудкунии ноҳияи Ашт буда, дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа 10 000 гектар замин обёрӣ карда мешавад", - менависад манбаъ.

Тавре маълум аст, дар ноҳияи Ашт боғпарварӣ ва истеҳсоли меваҷот рушд карда, меваҳои шаҳдбори ноҳия, аз ҷумла зардолу ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад. Обёрии заминҳои нав имкон медиҳад, ки боғҳои нав ташкил гардида, то 40 000 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шаванд.

Аҳмадзода бел дар даст ба мумфаршкунии роҳҳо дар вилоят оғоз кард

Ҳамзамон барои обёрии заминҳои ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристон низ лоиҳаи вижа тарҳрезӣ шудааст, ки бо амалӣ шудани он 5000 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда хоҳад шуд.

Лоиҳаҳои дигар дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, тиҷорату иқтисод, мумфаршкунии роҳ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ноҳияи Ашт буда, амалишавии онҳо бешубҳа барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Раҷаббой Аҳмадзода саҳми Бонки рушди Осиёро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бо мусоидати бонк то имрӯз лоиҳаҳои хатти барқи “Гулистон-Ашт”, “Айнӣ-Панҷакент” ва роҳи автомобилгарди “Айнӣ-Панҷакент” амалӣ гардидаанд. Зимнан изҳори умед кард, ки минбаъд низ Бонки рушди Осиё барои татбиқи лоиҳаҳои муфид мусоидат хоҳад кард.

Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки лоиҳаҳои пешниҳодшударо мавриди баррасиву муҳокима қарор медиҳанд.