ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Марде аз Қувайт аз ҳамсари худаш ба пулис шикоят бурдааст, иттилоъ додааст Khaleej Times.
Марде зани худро дар нақзи ҳукуқаш ҳамчун инсон айбдор намуда, гуфтааст бароя дар ифтор ғизо омода намекунад.
Мард гуфтааст, ки кӯшиш намудааст ҳамсарашро розӣ намояд, ки баъд аз соатҳои тӯлонӣ рӯзадорӣ ӯ лоиқи ғизои хонагӣ аст. Аммо ҳамсараш қатъиян аз пухтани ғизо даст кашида, ӯро маҷбур сохтааст ба пулис шикоят барад.
Кормандони пулис ҳодисаи мазкур тааҷуб карда, аз қабули аризаи шаҳрванд ба хотири набудани таркиби ҷиноӣ худдорӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ифтор – ин таомест, ки дар ҳангоми кушодани рӯза мехӯранд. Вақти рӯзакушоӣ баъд аз намози шом сурат мегирад.