Ноҳияи Рашт барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ 4 хатсайри нав ташкил кард

Мақомоти Кумиати рушди сайёҳи таъкид намуданд, ки хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар Рашт бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ташкил карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Барои сайёҳон дар ноҳияи Рашт 4 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил карда шуд, иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.

Духтари душанбегӣ ба Рашт ба меҳмонӣ рафт, вале ҳангоми селфӣ ба дарё ғарқ шуд

Бино бар иттилои манбаъ,  4 хатсайри нави сайёҳӣ бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ташкил карда шудааст.

“Бахши Кумитаи рушди сайёҳии ноҳияи Рашт барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, аз ҷумла табиати зебо, гиёҳҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, боғҳои меваҳои шаҳдбор ва ба ин васила афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва пешниҳоди хизматрасонии муносиб ба сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳияи Рашт 4 хатсайри нави сайёҳӣ роҳандозӣ карда шуданд”, — таъкид намудааст манбаъ.

Хатсайри  аввал  3-рӯза буда, тавассути Душанбе – Рашт – дараҳои -Ҷафр – Камароб гузаронида мешавад.

Хатсайри дуюм 6-рӯза аст ва  аз тариқи Душанбе — Рашт – дараҳои Ҷафр — Ҳоит амалӣ карда мешавад.

Хатсайри сеюм саёҳати ҳудуди ноҳияро дарбар гирифта, 2 рӯзро фаро мегирад. Он  аз маркази ноҳияи Рашт оғоз гардида, дараҳои Камароб ва Тагобаро  убур мекунад.

Хатсайри чорум низ 2-рӯза буда, танҳо ҳудуди ноҳияро дарбар  мегирад ва  аз маркази ноҳия то деҳаи Ҷафр амалӣ карда мешавад.

Гардишгар: Тоҷикистон худ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон мебандад

Ёдрас мешавем, ки  дар ҳудуди ноҳия 4 адад меҳмонхона, 2 адад ҳомстей, 2 тарабхона, 10 ошхона, 3 осорхона, 47 бунгоҳи тиббӣ, 1 адад фурудгоҳи минтақавӣ, 5 адад ташнобхонаҳои сарироҳӣ, 1 маркази иттиллоотӣ барои сайёҳон фаъолият менамоянд.

Мавзеъҳои саёҳати экологии минтақа дараҳои Камароб, Ҷафр, Ҳоит, Ясманд ва Сиёҳдара мебошанд. Инчунин, кӯлу чашмаҳои Яхакпаст, Фолома, Ҷафр, Ҳазорчашма дар ноҳия диққати ҳазорон меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

Ноҳияи Рашт аз захираҳои табиӣ бой буда, мувофиқи маълумоти расмӣ дар ноҳия зиёда аз 13 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.