Бонки миллӣ арзиши доллар, рубл ва евроро барои имрӯз эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар бозори нақд барои имрӯз эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1458 то 0.1480 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА аз 9.4398 то 9.4400 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро аз 10.5169  то 10.7000 сомонӣ арзиш дораду, 1 рубли русӣ аз 0.1458 то 0.1480 сомониро ташкил медиҳад.

Иқрори Бонки миллӣ: қарори Ҳукумат иҷро намешавад, фоизситониҳо ғайриқонуниянд

Ҳамчунин, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.4398 сомонӣ, 1 евро – 10.5169 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1458 сомонӣ.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.