Суғд нақшаи даъватро 93,8 дар сад иҷро кард

Шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳол нақшаро иҷро накарда, дигар шаҳру навоҳии он пурра ё барзиёд иҷро кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба сафаи қувваҳои мусаллаҳ 93,8 дар сад иҷро шуд, хабар медиҳад телевизиони СМ-1.

Бино бар иттилои манбаъ, 4 шаҳру навоҳии вилоят - Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров то ҳол нақшаро иҷро накарданд. Дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаро пурра ё барзиёд иҷро кардаанд.

Кам монд: Нақшаи даъват дар Тоҷикистон 88 дар сад иҷро шуд

Ин дар ҳолест, ки барномаи даъвати баҳорӣ ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то ба ҳол 88 дар сад иҷро шуд.

Ин шохис дар нимаи моҳи май дар ВМКБ 103 дарсад, дар Суғд 87 дар сад, дар Хатлон 86 дар сад, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 87 дар сад ва дар Душанбе 100 дар садро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ ба хидмати сарбозӣ дар ҶТ 1 апрел оғоз шуд ва то 31 май идома хоҳад ёфт.