Раҳмон ба Данғара рафту аз намоишгоҳи кишоварзӣ дидан кард

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард.

Раҳмон: САҲА бояд барои таъмини амният қарорҳои муҳим қабул кунад

Дар доираи сафари корӣ Президенти Тоҷикистон дар ифтитоҳи як қатор иншооте, ки аз ҷониби сокинони ноҳия бунёд шудаанд, ширкат хоҳад кард.

“Сафари кории Президенти аз шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон, ғаллакорон, чорводорон ва дигар ризқофарони вилояти Хатлон оғоз гардид”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара нахсут аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбати бо кишоварзон барои боз ҳам афзоиш додани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дастур додааст.

Дар навбати худ кишоварзони вилоят зимни мулоқот бо раисҷумҳур таъкид намуданд, соли равон бино бар обу ҳавои мусоид ҳосили сабазвоту меваҷот нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб зиёд буда, заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тавонистаанд, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ раванди содироти онро ба хориҷ аз кишвар ҳам суръат бахшанд.

Яке аз ҳазор: гузориши аксӣ аз ниҳолшинонии раисиҷумҳур дар Данғара - акс

Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, ду намуд картошка, ду намуди помидору бодиринг, карам, гулкарам, сирпиёз, пиёз, каду, қаламфури булғорӣ, кабутиҳо, мевагиҳо, зардолу, гелос, ҳандалак, себи пешпазак, шафтолу олуболу, лимӯ, қулфинай, лаблабӯи сурх, 8 намуд ғалладонагиҳо, асал, молу маводи истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ пешкаш гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуд. Роҳбари давлат онҳоро барои омӯзонидани нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят кард.