Раҳмон “фарзандон”-ро табрик кард: ӯ гуфт, кай шароити зиндагии ҳама шоиста мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷавонони кишварро фарзандони азиз хитоб карда, онҳро бо Рӯзи ҷавонон шодбош гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони кишвар саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву иқболи нек ва амалӣ гардидани орзуҳояшонро таманно кардааст.

Рустами Эмомалӣ боғи навбунёдро ба номи Куруши Кабир гузошт

Раисиҷумҳур дар паёми шодбошияш изҳор доштааст, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.

“Ҷавонони тоҷик, ки табиатан дӯстдори илму дониш мебошанд, дар пайи омӯхтани касбу ҳунарҳои муосир пайваста дар талош ҳастанд, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи кишвар ва дар хориҷ аз он муваффақона таҳсил менамоянд ва итминон дорем, ки дар оянда ҳамчун мутахассисони баландпоя саҳми худро барои пешрафту ободии Ватан мегузоранд”, - изҳори умед кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Деҳаи Пушинг соҳиби мактабу таваллудхона, боғи парчаму нишон ва варзишгоҳ гашт

Раисиҷумҳур изҳори хушнудӣ намудааст, дар байни ҷавонони тоҷик хислатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ торафт бештар густариш меёбанд.

Ӯ дар идома аз ҷаҳони пуртазоду ноороми замони муосир  зикр карда, афзуд ин вазъ аз ҷавонони кишвар талаб менамояд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд.

“Худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд”, - таъкид кард раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон бояд эътимод дошта бошанд, ки бо амалишавии ҳадафҳои стратегии миллиамон пешрафти кишварамон таъмин гардида, ҳамаи шароиту имкониятҳои зарурӣ барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди мамлакат ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон фароҳам оварда мешаванд.

Раҳмон роҳи мошингарди Деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғараро ифтитоҳ кард

Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки ҷавонони Тоҷикистон шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар боз ҳам бештар заҳмат мекашанд ва барои рушди устувори Ватани азиз минбаъд низ саҳми арзанда мегузоранд.

“Рӯзи ҷавонон муборак бошад, фарзандони азиз!”, - хитоб кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар охири паёми шодбошияш.