ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни сафари кориаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 дар маркази деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро ифтоҳ намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, сохтмони бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-и деҳаи Пушинг соли 2016 оғоз гардида буд.
Мактаб барои 1520 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз ду бинои алоҳида иборат аст. Муассисаи таълимӣ се ошёна буда, дорои 30 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ бо 25 компютер, химия, биология ва физика мебошад.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар деҳаи Пушинг қаблан мактаб бо 850 нафар ҷой фаъолият дошт, вале он ба шароити рӯз ва талабот ҷавобгӯ набуд.
Инчунин, дар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.
Тавре манбаъ зикр намудааст, дар деҳоти Пушинг қаблан бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, ки ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист.
“Аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази саломатии куҳна аз нав таъмиру таҷдид гардида, дар назди он таваллудхонаи муосир бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шуд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази саломатии деҳаи Пушинг мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим кард.
Ҳамчунин дар назди таваллудхона ва паҳлӯи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.
Дар паҳлӯи боғчаи фарҳангӣ варзишгоҳи хурд барои бозии кӯдакону наврасон сохта шудааст.
Тавре манбаъ қайд намудааст, ҳадафи бунёди майдонча ҷалби насли оянда ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Инчунин худи ҳамин рӯз дар деҳаи Пушинг Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти кард.
“Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд - Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад”, - зикр намуд манбаъ.
Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.
Баландии пояи Парчам 25 метрро ташкил дода, андозаи матои он бараш 5 метр ва дарозиаш 10 метр мебошад.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 17 метр аст.
Манбаъ қайд намудааст, ки барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дӯкони ҳунармандон дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамаи дӯконҳо ба ҳунармандони деҳаи Пушинг ройгон пешкаш карда шудааст, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он ба таври самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
4 ҳайкали шер рамзи тавоноии миллати тамаддунофари тоҷик дар назди парчаму нишон ва 1000 метри мураббаъ роҳи сафолакпӯш аз ороишоти дигари боғ мебошад.
Майдони Парчам ва Нишон макони сайру тамошои сокинони деҳаи Пушинг ва меҳмонон гардид.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони деҳаи Пушинг суханронӣ кард.