Ғоратгарӣ бо бел: як гурӯҳи тоҷикон дар Русия аз 9 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи ноҳияи Дзержинскии вилояти Калугаи Русия як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ғорати як манзил дар ин вилоят даст задаву дар натиҷа як нафар кушта шуда буд, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ғоратгарӣ ва куштор дар деҳаи Учхози ноҳияи Дзержински вилояти Калугаи Русия айбдор мешаванд ба муҳлатҳои аз 9 то 12 соли зиндон маҳкум шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Додситонии вилояти Калуга.

Боздошти "банда"-и мусаллаҳи тоҷикистониён дар Русия

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 10 июли соли 2017  рух додааст. Гурӯҳи иборат аз 9 нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон мусаллаҳ бо ашёҳои гуногун, аз ҷумла бел, шабона бо автомашинаҳо ба деҳаи Учхози ноҳияи Дзержинск омада, бо ниқоби тиббӣ дар рӯйҳояшон ба ғорати манзили соҳибкори маҳаллӣ даст мезананд.

Онҳо ба моликони манзил таҳдиду ҳамла карда, дар натиҷа падари соҳибхоназан аз зарбаҳои бел ба ҳалокат мерасад ва дигар аъзои ин оила захму ҷароҳат мегиранд. Дар натиҷа ғоратгарон аз ҷои ҳодиса маблағи калонро дуздида ғайб заданд.

“Чор тан аз аъзои ин гурӯҳ ба муҳлатҳои аз 9 то 12 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 120 ҳазор рубл маҳкум шуданд. Ҳамчунин аз маҳкумшудагон ба фоидаи ҷабрдидаҳо маблағи зиёни моддӣ ва маънавӣ ситонида мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин, парванда нисбати боз як боздоштшудаи тоҷикистонӣ алоҳида баррасӣ мешавад. Чор нафари дигари ҷиняткорони дар ин амал дастдошта, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.