Раҳмонро амалҳои гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ нигарон кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои ИДМ дар шароити ниҳоят мураккаби авзои сиёсию амниятии минтақавию байналмилалӣ баргузор мегардад ва рушду тавсеи бештари ҳамкориҳои давлатҳои аъзои иттиҳодро дар самти таъмини амнияту суботи минтақа тақозо менамояд.

Чаро мақомотҳои амниятии кишварҳои ИДМ ба Душанбе меоянд?

Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсию амниятии Афғонистон ва кишварҳои Шарқи наздик Президенти Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки мутаасифона имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад.

“Дар ҳамин замина дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтаззам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати “меъёрҳои дугона” истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама ба таври моливу молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд”, -гуфт Раҳмон.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар солҳои охир ба амнияту суботи давлатҳои алоҳидаи минтақа ва дар маҷмуъ ба амнияти ҷаҳонӣ таъсири номатлуб расонда, ҷомеаи башариро ба хатарҳои маргбор ру ба рӯ мегардонад.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки марзи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб меравад ва масофаи тулониро дар бар мегирад афзоишёбанда буда, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуби аср дар ин минтақаи сарҳадӣ ҳамбастагию ҳамкории пайваста ва кумаку дастгирии ҳамдигарии давлатҳои ИДМ нақши калон дошта метавонад.

“Яъне Тоҷикистон дар хати пеши мубориза ба терроризму ҷинояткории муташаккили фаромилӣ қарор дорад ва пайваста барои пешгирии ин хатарҳои маргбор ба амнияту суботи худ ва давлатҳои минтақа тадбирҳои амалӣ меандешад”, - таъкид дошт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Чин ҳадафҳои стратегии аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшударо ҷонибдорӣ менамояд

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимияти тадбирҳои Тоҷикистон дар мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қачоқи ғайриқонунии маводи мухаддир сухан гуфта, зикр намудааст, ки ин тадбирҳо дар оянда низ тақвият бахшида шуда, ба терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби аср дар мамлакат мубориза беамон бурда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз афзоиши амалаҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетию ҷиноятҳои киберӣ ва афзоиши хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои асосии маблағгузории терроризм ба ҳисоб меравад бори дигар изҳори нигаронӣ намуда, аз иштирокчиёни ҷаласа барои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти мубориза дар ин самт даъват намуд.