ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ин нуктаро вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 14-уми май дар ҷаласа оид ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар Тоҷикистон гуфт.
Нуриддин Саид вазири маориф ва илм зимни суханронии худ вобаста ба фаъолияти ихтисосҳои амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ибрози андеша намуда, гуфтааст, ки аз 323 ихтисоси амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 100 ихтисосе мавҷуд аст, дар он олими унвондор кам аст, ё умуман нест.
Ҳамчунин, Нуриддин Саид таъкид кардааст, ки ҳадаф аз таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ, зиёд намудани теъдоди омӯзгорони унвондор не, балки ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор додани саҳифаҳои норавшани таърихи миллати тоҷик, ривоҷ додани самтҳои афзалиятноки илм, хуб ба роҳ мондани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва ба ин восита муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, низ ширкат кардааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба вазъи шӯроҳои диссертатсионӣ ва рисолаҳои илмии ҳимояшуда суханронӣ намуда, қайд кардааст, ки дар баробари муваффақиятҳо ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд, ки ислоҳи онҳо аз ҳар яки мо масъулияти бештар мехоҳад.
Ҳамзамон, ба масъулин дастур додааст, ки ҳангоми дифои рисолаҳои номзадию докторӣ бештар ба сатҳу сифати рисолаҳо диққат дода шавад.
Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон Розиқзода, доир ба тамдиди муҳлати шӯроҳои диссертатсионӣ, муносибати ҷиддӣ намудан ҳангоми қабул ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ҷой доштани хатоҳои имлоию грамматикӣ дар рисолаҳо, таъйини муқарризону комиссияи ташхисӣ барои рисолаҳо ва чанде дигар изҳори андешa намудааст.
Дар ҷаласа оид ба фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар ба роҳ мондани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Розиқзода - раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент, ректорону ноибони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раисони шӯроҳои диссертатсионӣ иштирок намуданд.