Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия ба асамблеяии парлумонии кишварҳои узви СПАД пешниҳод кард, ки барои пешгирии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қавонини дахлдор таҳия намоянд.
Коршинос Гереев мегуяд, ки ҳероин аз Афғонистон ба Амрико хатаре надорад ва ба ҳамин хотир ҳукумати Амрико барои ҳалли ин мушкилот чорае намебинад. Аммо қочоқ барои Русия ва кишварҳои ҳамсуд хатари зиёд дорад.
“Вақте раисдааст, ки дар қаламрави Афғонистон роҳҳои нави ҳамкорӣ ҷӯем ва ба ташкили иттифоқу иттиҳодияҳои нав, ва дигар ҷамъиятҳое, ки метавонанд манфиати воқеъӣ биёранд шурӯъ намоем. Аз тарафи кишварҳои узви СПАД ва СҲШ як таконе лозим аст”, - гуфт коршинос.
Инчунин, коршинос таъкид намуд, ки ҳузури низомиёни зиёд дар марзи Афғонистон чандон босамар нест, чунки низомиён дигар ҳадаф доранд. Барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир чораҳои дақиқ лозим аст.
Коршинос ҳамчунин таъкид намудааст, ки бояд миёни ҷавонон дар бораи зарари истифодаи маводи мухддар таблиғот бурд. Дар ин иқдом ташкилотҳои байналмилалӣ ба моананди СММ, “Ҳилоли аҳмар” ва ғайр метавонанд кӯмак расонанд.