Дар ноҳияи Ашт соҳибкори маҳалӣ мактаб месозад

Зайлобиддин Мақсудҷонов, соҳибкори маҳалӣ тасмим гирифтааст дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт аз ҳисобу худ мактаб бунёд намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукуматӣи вилояти Суғд соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ба ҷараёни сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 оғоз кардааст.  

Тавре манбаъ хабар додааст, бинои нави муассисаи таълимӣ пура аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта шуда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ноҳияи Ашт соҳибкори маҳалӣ мактаб месозад

“Ин соҳибкори маҳаллӣ қаблан низ дар мумфаршкунии роҳи деҳа, бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, имсол тасмим гирифтааст, ки бинои нави таълимиро ба истифодаи ҳамдиёронаш во гузорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Соҳибкор маҳалӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишӣ месозад

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни дидор аз ҷараёни сохтмони мактаб ба соҳибкор миннатдорӣ баён намуд.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки пас аз ошнои бо рафти сохтмони мактаб, раиси вилояти Суғд ба Ҷамоати деҳоти Ошоба рафта бо фаъолияти ҶДММ “Моҳи сабр” шинос гардид.

Манбаъ таъкид намудааст, ки имрӯзҳо дар 46 гектар ҳавзи моҳипарвари ҷамъият имрӯзҳо 86000 моҳиҳои навъи пешонағафс, амури сафед, сазан ва карп парвариш карда мешавад. Ба иттилои масъулин минбаъд доираи фаъолияти ҶДММ “Моҳи сабр” васеъ карда шуда, парвариши то 300​ 000 моҳӣ ба роҳ монда мешавад.