ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Файзов дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фасодкориҳо дар мақомоти андоз, гумрук, молия ва бонкҳо бо масъулини ин бахшҳо дар ВМКБ мулоқот баргузор кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ, дар мулоқот баробари масъулини молия, андоз, сармоягузорӣ инчунин роҳбарони дафтари бонкҳои Бонки миллӣ, Амонатбонк, Аввалин бонки молиявии хурд, Тоҷиксодиротбонк, Ориёнбонк ва ташкилотҳои хурди қарзӣ иштирок доштанд.
Раиси ВМКБ изҳор доштааст, ки ҳадафи мулоқот расондани муҳтавои суханрониҳои раисиҷумҳур ба кормандони андоз, гумрук, молия ва бонкҳо мебошад.
Файзов супориш додааст, он камбудиҳое, ки раисиҷумҳур таъкид кардааст, бояд бартараф карда шаванд.
“Ба кор қабул намудани хешу табор, ришваситонӣ ва дигар омилҳои ҷиноӣ дар мақомоти номбурда дар Бадахшон ҳам хеле зиёд мебошад. Бинобар ин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар бонкҳо ва дигар идораҳои вилоятӣ ҳамаи роҳбарон саҳмгузор бошанд”, - дастур додааст Файзов.
Ӯ инчунин роҳбарони вилоятро аз дастури Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бар асоси он мақомдорон бояд гирду атрофи биноҳои кориро кабудизор кунанд.
Ин мулоқот ва таъкидҳои Файзов дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз қочоқи мол ва фасодкории гумрукчиён, аз ҷумла дар масири Қулма интиқод карда буд. Раисиҷумҳур изҳор дошт, ки ахиран дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳудуди 30 мошини ҳомили борро ошкор кардаанд, ки бо нақзи муқаррароти қонунгузорӣ ворид шуданд. Ӯ таъкид намуд, ки дастандаркорони чунин фасодкориҳо мансабдорони воломақоми хадамоти гумрук мебошанд.