Мақоми сеюми Лазарев дар “Евровидение”: кӣ якум шуд? - видео

Сарояндаи рус Сергей Лазарев бо иҷрои суруди “Scream” (фарёд) дар даври ниҳоии "Евровидение-2019" мақоми сеюмро соҳиб гашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар пайи овоздиҳӣ Лазарев бо 369 хол, ки 125 холашро тамошобинон ва 244 холро доварони касбӣ доданд, дар мақоми сеюм қарор гирифт.

Сергей Лазерев бо суруди Scream ба даври ниҳоии "Евровидение-2019" роҳ ёфт-видео

 Суруди “Scream”-ро овозхон ва оҳангсози Русия, Филипп Киркоров, оҳангсоз аз Юнон Димитрис Контопулос ва мусиқачӣ аз ИМА Шарон Вон эҷод кардаанд.

Баҳои ҳадди аксар – 12 холро ба Русия танҳо як кишвар – Озарбойҷон сазовор донистааст.

Мақоми аввалро дар “Евровидение-2019” овозхон аз Нидерланд, Дункан Лоуренс соҳиб гашт.

Тамошобинон барои суруди “Arcade” ба Лоуренс 261 хол ва доварони касбӣ 231 хол сазовор донистанд ва ӯ бо 492 хол дар ҷои якум қарор гирифт.  

Озмуни "Евровидение-2019" имсол дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд ва феълан маълум нест, ки соли оянда кадом шаҳри Нидерланд мизбони ин озмуни байналмилалӣ хоҳад шуд.