Қаллоби ноинсоф аз Данғара: 26 000 доллари модаронро гирифту гуфт писаратонро озод мекунам

Як сокини Данғара дар Душанбе аз ду зан бештар аз 26 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки писаронашонро аз зиндон озод мекунад. Аммо бо гузашти 2 сол на ба ваъдааш вафо кардаасту на пулашонро баргардонидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳамчун гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Муттаҳам дар шаҳри Душанбе ба боварии 3 зан даромада, аз онҳо маблағ гирифтааст.

Чунончи, ӯ моҳи августи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои тиҷорат 590 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Пулро гирифту хонаро насохт: дар Душанбе қаллоб дастгир шуд

Ин сокини 44-солаи Данғара, моҳи декабри соли 2018 ҳангоми дар назди Суди шаҳри Душанбе қарор доштанашбо як марди дигар   бо роҳи фиреб ба боварии зани 45-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт даромада, аз ӯ 17 ҳазору 700 доллари амрикоӣ гирифтааст.

"Муттаҳамон ваъда додаанд, ки писари занро аз маҳкама озод мекунанд, аммо ӯро фиреб намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд", - менависад ВУД. 
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи дар боло номбаргардида моҳи декабри соли 2018 ҳангоми дар назди Суди шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии зани 48-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 8600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки писарашро аз маҳкама озод мекунад, аммо ӯро фиреб намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

ВУД аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишотр идома медиҳад.