Нахустин иштироки узбакистониҳо дар мусобиқаи Суғд

Дар мусобиқаи кушод оид ба навъи камонварӣ, ки дар шаҳри Исфара баргузор мегардад, 30 варзишгар ва мурабияҳо аз давлатҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон ба ҳисоби камонварони тоҷик ширкат меварзанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Мусобиқаи кушоди вилоятӣ дар намуди камонварӣ ҳудуди 30 варзишгар ва мурабияҳоро аз давлатҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Исфара гирди ҳам овардааст.

Раиси Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдат мусобиқа ташкил мекунад

Дар мусобиқаи кушод оид ба навъи камонварӣ, ки қарор аст то рӯзи 19 -уми май, давоми се рӯз дар шаҳри Исфара баргузор шавад, 30 варзишгар ва мурабияҳо аз давлатҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон ба ҳисоби камонварони тоҷик ширкат меварзанд.

Дар ин бора ба Sputnik Tоҷикистон аз Маркази махсуси варзиши камонварӣ дар вилояти Суғд хабар доданд. Бино ба иттилоъи манбаъ, имсол барои аввалин бор варзишгарон аз шаҳру вилоёти Самарқанду Бухоро, Тошканд ва Термизу Фарғонаи Узбакистон ширкат варзида ва ҳоло ба шаҳри Исфара омадаанд.

Мусобиқаи кушоди вилоятӣ дар риштаи камондорӣ, ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ихтисос дода шуда, аз сӯи ҳукумати Суғд доир карда мешавад. Зимнан ба ҷуз камонварӣ, шиноварию вазнбардорӣ ва боз дар чанд намуди варзиш мусобиқаи байналхалқӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят, дар Суғд ҷараён дорад.