Генерал Серватюк сафир дар Тоҷикистон шуд: аз охирин фармонҳои Порошенко

Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина генерал Василий Серватюкро сафир дар Тоҷикистон таъин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Порошенко, ки охирин рӯзҳои корияшро дар мақоми раисиҷумҳури Украина мегузаронад, фармони таъини Серватюкро ба мақоми сафири Украина дар Тоҷикистон 16 май имзо намуд.

"Сюрпризҳо" дар пеш: Зеленский савганд ёд мекунад

Василий Серватюк, ки унвони ҳарбии генерал-лейтенант дорад, то ҳол дар мақоми муовини сардори Хадамоти марзбонии Украина фаъолият мекард.

Ӯ дар мақоми сафир дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро иваз мекунад, ки ба вазифаи сафири Украина дар Душанбе соли 2012 дар даврони ҳукмронии Виктор Янукович, собиқ раисҷумҳури Украина таъйин шуда буд.

Пётр Порошенко, раисҷумҳури Украина рӯзи 18 октябри соли 2018 бо фармони худ Виктор Никитюкро аз мақоми сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон озод карда буд.