Барфу борон, раъду барқ ва жола: ҳаво имрӯз дар Тоҷикистон номусоид мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, борон ва жола мебораду раъду барқ ба амал меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилои ҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. 

Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 5-10 ва  рӯзона 17-22 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 3-8  дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд    абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани  жола низ  дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 14-19  ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  12-17  дараҷа гарм мешавад.

Борону жола, раъду барқ: боду ҳавои Тоҷикистон имрӯз

Дар вилояти Хатлон  ҳавои кисман абрнок дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал  меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест.   Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15  ва   рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Инчунин боридани жола дар назар дошта шудааст. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва  рўзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар   шаҳри Душанбе  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ҳолатҳо борон  шиддат  гирифта, раъду барқ ба амал меояд.  Боридани  жола аз эҳтимол дур нест.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.