Раисиҷумҳур рӯз ва ҷои ҷашни 5500-солагии Саразмро муайян кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба таҷлили 5500 солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент дастур дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, моҳи равон имзо кард, 5500-солагии Саразм 12-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил мешавад.

Омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм: раиси Суғд санги асоси осорхонаро гузошт

Дар қарори Ҳукумат аз Саразм маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон зикр шудааст.

Раисиҷумҳур Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистонро раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин карда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони Кумитаҳоро шомил намудааст.

Вазорати фарҳанг, Академияи улум, Ҳукумати маҳаллии Суғд ва мақомоти дигарро барои амалисозии саривақтии чорабиниҳое, ки барои таҷлили 5500-солагии Саразм пешбинӣ шудаанд, муваззаф намудааст.