Фақат баҳс намекунед: Алсу навори нави сурудхонии духтарашро мунташир кард

Дар он ду "финалист"-и барномаи "Голос.Дети" духтари Алсу - Микелла Абрамова ва Ержан Максим тарона месароянд
Sputnik

Ин навори мунташиркардаи ҳунарманд дар ҳолест, ки бештари тамошобинони барнома менависанд, ки ба пирӯзӣ Ержан Максим лоиқ буд, на духтари ҳунарманд.

Зери навори ҳунарнамоиҳои Микелла дар "Голос.Дети" ҳазорҳо корбар аз пирӯзии духтарак изҳори норозигӣ кардаанд. Аммо дар зери видеои наве, ки Алсу мунташир кардааст, корбарон ҳаққи коммент навиштану баҳс карданро надоранд.

Пас аз пирӯзии духтари даҳсолаи Алсу - Микелла Абрамова дар барномаи "Голос.Дети", тамошобинон дар шабакаи иҷтимоӣ аз ҳунарнамоии духтарак ва натиҷаҳои барнома изҳори норизогӣ карданд.

Ба гуфтаи бештари тамошобинон, духтари Алсу ба ин пирӯзӣ лоиқ набуд.

Бархе аз онҳо изҳор доштанд, ки овоздиҳӣ ноодилона буд ва ин эътимоди тамошобинонро ба барнома ва худи телевизион коста мекунад.

Алсу - овозхони рус, ровии телевизион, ҳунарманди хизматнишондодаи Русия ва ҳунарманди мардумии ҷумҳурии Тотористон мебошад.

Ӯ соли 2000 Русияро дар озмуни "Евровидение" муаррифӣ карда, дар он ҷои дувумро соҳиб шудааст.