Борону жола, раъду барқ: боду ҳавои Тоҷикистон имрӯз

То 19 май дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор гардида, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ба иттилои ҳавошиносони кишвар, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ин рӯзҳо, то 6-8 дараҷа паст хоҳад шуд.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  боронӣ  дар назар аст. Ҳаво  дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва  рӯзона 19-24 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят ҳаво  шабона 0-5  дараҷа сард шуда, рӯзона 10-15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15-20  ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 5-10 ва  рӯзона  17-22  дараҷа гарм мешавад.

Шабона барф, рӯзона борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11-16  ва   рӯзона 22-27 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва  рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда, рӯзона борон ва раъду барқ ба амал меояд. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 11-13 ва рӯзона 30-32  дараҷа гарм мешавад.