Дар Душанбе намояндагони 50 кишвари дунё масоили терроризмро баррасӣ мекунанд

Намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ барои баррасии масоили терроризм ва мубориза бо он вориди пойтахти Тоҷикистон хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино бар иттило дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 16-17 майи соли равон дар  Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” баргузор мегардад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор мегардад.

Грозин: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ба кӯмаки Русия ниёз дорад

Қарор аст, дар конфронси мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунанд.

“Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар он ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд”,- таъкид намудааст манбаъ.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки ҳадаф аз баргузории Конфронс таҳкими  ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муайян кардани усулҳои самараноки мубориза бо маблағгузории терроризм, табодули донишу таҷриба дар ин самт, ҳамчунин мусоидат ба  муҳокимаи коршиносон дар мавриди вокуниш ба шаклҳои тағйирёбандаи маблағгузории созмонҳои террористӣ мебошад.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки Конфронси мазкурро беш аз 200 рӯзноманигори хориҷӣ бозтоб хоҳад кард.