Аз 2 то 5 миллион: даромади кӣ бештар президент, сафир ё сарвазир?

Миёни доротарин мансабдорон, ному насаби ошно кам нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Sputnik Қирғизистон рӯйхати мансабдоронеро, ки даромади солонаи онҳо аз ду миллион бештар аст, омода кардааст. Нишондодҳо аз сачшмаи озод барои соли (2017) омода шудааст.

Дар феҳрасти доротарин кормандони ҳукуматӣ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ворид нашуд. Даромади солонаи ӯ 900 ҳазор сомро ташкил додааст. Ҳамчунин дар рӯйхат номи мансабдороне, ки айни замон дар вазифа нестанд, номбар нашудааст. 

Дар рӯйхат вазифаи кунунӣ навишта шудаасту вазифаи пешин дар дохили қавс нишон дода шудааст. Маблағ бо сом (пули миллии Қирғизистон) нишон дода шудааст.

Беш аз 5 миллион:

  • сафир дар Бритониё Гулнора Исҳоқова — 5 миллиону 439 ҳазор;
  • консули генералӣ дар Алмаато Алёсбек Алимқулов — 5 миллиону 23 ҳазор.

Аз 4 то 5 миллион:

  • шаҳрдор Сулукти Раҳмонберди Абдуназаров — 4 миллиону 751 ҳазор;
  • намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ Дониёр Мукашев — 4 миллиону 69 ҳазор.

Қасрҳо, 3-4 зан ва мошинҳои 80 ҳазорӣ – анъанаи мансабдорони фасодкор

Аз 3 то 4 миллион:

  • сафир дар Украина Юсуфбек Шарипов (соли 2017 сафир дар  Кувейт) — 3 миллиону 980 ҳазор;
  • сафир дар ИМА Болот Отунбоев (сафир дар Русия) — 3 миллиону 968 ҳазор;
  • сафир дар Ҳиндустон Асеин Исоев (сафир дар Белгия) — 3 миллиону 886 ҳазор;
  • сафир дар Беларус Кубаничбек Омуралиев — 3 миллиону 374 ҳазор;
  • сафир дар Олмон Эринес Оторбоев — 3 миллиону 718 ҳазор;
  • сафир дар Арабистони Саудӣ Абдилатиф Ҷумабоев — 3 миллиону 547 ҳазор;
  • котиби Шӯрои амният Дамир Сагинбоев (котиби аввали Шӯрои амният) — 3 миллиону 521 ҳазор.

“Схема”-и пулкоркунӣ ва роҳи баста барои бекасҳо ба гумрук: саркардаҳо маълум шуданд-видео

Аз 2 то 3 миллион:

  • сафир дар Афғонистон Мирослав Ниёзов (сафир дар Тоҷикистон) — 2 миллиону 814 ҳазор;
  • сафир дар Покистон Эрик Бейшембиев —2 миллиону 464 ҳазор;
  • сафир дар Аморати Муттаҳидаи Араб Чингиз Эшимбеков —2 миллиону 464 ҳазор;
  • сарвазир Мухаммедқулӣ Абилғозиев (мушовири президент, муовини аввали раиси дастгоҳи раисҷумҳур) —2 миллиону 368 ҳазор;
  • ҳокими ноҳияи Ноокени вилояти Ҷалолобод Эркинбек Маматаев — 2 миллиону 257 ҳазор;
  • раҳбари шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раисиҷумҳур Дониёр Сидиқов (сафир дар Узбакистон) — 2 миллиону 247 ҳазор;
  • сафир дар Чин Канайим Бактигулова — 2 миллиону 65 ҳазор.

Манбаъ афзуда, ки натанҳо музди асосӣ, балки дигар даромади кормандон низ ба назар гирифта шудааст.

Эълони санаи санҷиши сартосарӣ ва ишораи Раҳмон ба сирри оилаҳои мансабдорони серпул

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба санҷиши донишу дороии мансабдорони андоз, гумрук ва молия моҳи июн оғоз хоҳад кард.

Тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар бо таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия мегузаронад.