ВУД: “Шаҳром”-и номаълум аз сокини Душанбе 8,8 миллион сомонӣ гирифтааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Варзобро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 48-сола, сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт аз қаллобии як ҷавон шикоят кардааст.

Қонуншиканӣ кам мешавад? пас аз шикояти мардуми Хоруғ БДА чароғакҳоро нав кард

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки аз моҳи январ то моҳи апрели соли 2019 “Шаҳром” ном шахси номаълум, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 8 миллиону 839 ҳазору 960 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД аз ҷузъиёти бештари қазия, ки чигуна марди 48-сола ба ҷавони номаълум беш аз 8,8 миллион сомонӣ додаасту барои кадом тиҷорату бо чӣ шартҳо маблағ додааст, маълумот ироа накардааст.

Ин ниҳод таъкид кард, ки нисбати муттаҳам бар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қаллобӣ парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.