Ширкати “Tajik Air” тасмим гирифтааст парвозҳояшро дар аввали моҳи август оғоз намояд

Икром Субҳонзода, роҳбари Ожонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳавопаймоҳои ширкати "Tajik Air" то моҳи июн барои парвоз комилан омода карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Ширкати давлатии “Tajik Air” тасмим гирифтааст, парвозҳои доимиашро аз аввали моҳи августи соли равон оғоз намояд, гуфтааст зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Ожонсии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Кормандони "Tajik Air": Раҳимов худро бартар аз Раисҷумҳур мепиндорад

“Ширкати ҳавоии Tajik Air кори худро аз аввали моҳи августи соли равон, ҳангоми интиқоли ҳоҷиён  ба Маккаву Мадина  оғоз хоҳад кард”, - афзуд Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай дар моҳи июн ҳавопаймоҳои ширкати “Tajik Air” комилан барои парвоз омода карда мешаванд.

“Комиссия ҳукуматие, ки барои ҳалли мушкилоти ширкати мазкур ташкил карда шуда буд, баҳогузориро анҷом додааст. Ҳоло харидорони эҳтимолӣ низ пайдо шудааст”, -илова кард Субҳонзода.  

Ёдрас мешавем, ки ширкати “Tajik Air”  бино бар сабабҳои молиявӣ парвозҳояшро қатъ кард. Ширкати мазкур тасмим дошт парвозҳояшро дар охири моҳи март оғоз намояд, аммо то ҳол парвозҳо барқарор нашуда буд.